САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Санаи 13 апрели соли 2021 дар сатҳи роҳбарияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва ҶДММ ТАҚХ “Финка” маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ бо кушодани хатти қарзӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар самти пешниҳоди қарзҳои хурд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт баргузор гардид.
ФҚХ “Фонди бозтамвил” ҷиҳати таъмини саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани қарзҳо, инчунин дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзии нисбатан арзон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди қарзҳои миёнамӯҳлатро идома дода истодааст.
Қобили қайд аст, ки дар раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва ҶДММ ТАҚХ “Финка” пешниҳоди қарз бо ҳадди ниҳоӣ ба як қарзгирандаи (охирин) мутобиқи таҷрибаи оқилонаи бонкӣ, амалӣ гардида, дар паст гардидани фоизи қарз ба соҳибкорони хурдтарин, хурд ва миёна мусоидаткунанда ба инобат гирифта шудааст.
ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар самти пешниҳоди қарз бо меъёрӣ 8 фоизи солона ҳамкориро минбаъд низ бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар идома дода, саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ хоҳад гузошт.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!