САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Саҳми бахши бонкӣ дар дастгирӣ ва рушди соҳибкорони хурдтарин, хурд ва миёна дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” ба шарикони худ бо мақсади таҳкимбахшии саҳми бахши бонкӣ дар рушд ва дастгирии соҳибкорони хурдтарин, хурд ва миёна дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд.
ФҚХ "Фонди Бозтамвил" ҷиҳати вусъат додани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии қарзии ватанӣ дар доираи мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар, Созишномаи ҳамкории бо кушодани хатти қарзӣ барои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон"-ро 22 июли 2021 имзо намуд.
Тибқи Созишномаи мазкур ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бо мақсади дастгирии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна қарзи дарозмуддат ба муҳлатӣ то 36 моҳ медиҳад, ки ин имкони даряк давраи муайяни рушди иқтисодиёт, истеҳсолот ва дастгирии соҳибкориро дар маҷмӯъ таъмин менамояд.
Раҳмонзода Шариф, Раиси Раёсати ФҚХ "Фонди Бозтамвил" қайд намуд, ки мизоҷон тавассути сохторҳои таркибии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” имкон доранд, ки қарз бо фоизҳои пастар ба муҳлати то 36 моҳ барои рушди инкишофи минтақаҳои деҳоти кишвар дастрас намоянд.
Инчунин, мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки ин оғози ҳамкориҳо бо бонкҳои ватанӣ, ки шабакаи васеи сохторҳои таркибии дар саросари кишвар доранд, имкон медиҳад, ки мизоҷони навро дар минтақаҳои деҳоти кишвар дастрас намуда, ба қарзгирандагони ниҳоӣ бо шартҳои қобили қабул қарз пешниҳод намоянд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!