САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” дар доираи идомаи мақсад ва ҳадафҳои худ ба таври мунтазам пешниҳоди қарзҳоро ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ идома дода, дар паст намудани фоизи қарз бо тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди қарз ба қарзгирандаи ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамзамон, барои тасдиқи гуфтаҳои боло ФҚХ “Фонди бозтамвил” санаи 1 октябри соли 2021 бо ФҚХ “Имконият” Созишномаи ҳамкориро ба тавсиб расонид. Қобили зикр аст, ки дастрасии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна дар вилояти Хатлон ба маблағҳои мазкур бештар ба назар мерасад. Фонди мазкур тибқи стратегияи дарозмуҳлати худ ба таври доимӣ аз пайи дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва соҳибкороне, ки бештар ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт саҳм мегузоранд амал намуда, дар татбиқи мақсад ва ҳадафҳои Фонд низ метавонад саҳмгузор бошад.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!