САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” бо мақсади дастгирии минбаъдаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат бо пули миллӣ ва барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна ва инчунин рушди минтақаҳои деҳоти мамлакат дар доираи салоҳияти худ ҳамкории судмандро идома дода истодааст.
Дар ин замина, ФҚХ “Фонди бозтамвил” санаи 14 январи соли 2022 Созишномаи ҳамкориро бо ҶДММ ТАҚХ “Зудамал” ба имзо расонид, ки ташкилоти мазкур бо дастрасии захираҳои қарзӣ метавонад қарздиҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри рушди деҳот вусъат бахшида, инчунин имконияҳои мусоид барои аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъол мусоидат намояд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!