САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Фонд хизматрасониҳои молиявӣ бо асъори сомонӣ ва танҳо ба ташкилотҳои қарзие, ки аз тарафи Бонки Милии Тоҷикистон танзим мешаванд, пешниҳод менамояд. Фонд хизматрасониҳои молиявиро бевосита барои аҳолӣ ва субъектҳои фаъолияти соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод наменамояд.
Фонд поймол намудани ҳуқуқи қарзгиронро аз ҷиҳати омилҳои сиёсӣ, динӣ, нажодӣ, миллӣ ва дигар омилҳои ғайрииқтисодт роҳ намедиҳад.
Фонд танҳо бо ташкилотҳои қарзие, ки ба талаботҳои дар поён зикршуда ҷавобгӯ мебошанд, ҳамкорӣ менамояд:
№ |
Хусусиятҳо |
1. |
Шумораи қарзгирандагон на кам аз 1 200 мизоҷ; |
2. |
Маблағи миёнаи қарз ба як қарзгиранда аз 2 000 то 100 000 сомонӣ; |
3. |
Диверсификатсияи оқилонаи сандуқи қарзӣ |
- |
Консентратсияи сандуқи қарзӣ барои соҳаи савдо ва тиҷорат набояд зиёда аз 50% сандуқи қарзиро ташкил диҳад. |
- |
Консентратсияи сандуқи қарзӣ барои дигар соҳаҳо дар алоҳидагӣ набояд зиёда аз 45% сандуқи қарзиро ташкил диҳад; |
- |
Қисми маблағгузории хоҷагии қишлоқ / соҳаи аграрӣ на кам аз 20% сандуқи қарзиро ташкил диҳад. |
4. |
Сатҳи қарзҳои зиёда аз 30 рӯз батаъхирафтода на зиёда аз 12% сандуқи қарзӣ ташкил медиҳад |
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!