Шӯрои Парасторон

Шӯрои Парасторон

Раиси Шӯрои парасторон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин

Аъзои Шӯрои парасторон Сафарзода Рукмина Сафар 

Аъзои Шӯрои парасторон Рустамова Айтен

Аъзои  Шӯрои парасторон Фаттҳидинова Зебо Бойпочоевна

Аъзои Шӯрои парасторон Мувақатан холӣ Намояндаи KFW

Ҳайати роҳбарикунандаи олии Фонд Шӯрои Парасторони Фонд мебошад, ки аз чунин ҳайат иборат аст:

  • Намоянда аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин (Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • Намоянда аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Рукмина Сафар (Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • Намоянда аз Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумхурии Тоҷикистон - Айтен Рустамова (Роҳбари идораи минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон);
  • Намояндаи Шӯрои мутобиқатии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / KFW
  • Аъзои мустақил, намояндаи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Фаттидинова Зебунисо Бойпочоевна (Директори иҷроияи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон).
Хабарҳои охир

2024-03-12 15:24:20

Новости

ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” ҲАМКОРИҲОИ ХУДРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД

Дар санаи 12 марти соли 2024 ба ФҚХ “Фонди бозтамвил” намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Ҷон Хорӣ, Вероника Труҷилло ва Ольга Томилова ташриф оварданд.

Мақсад аз ташрифи намояндагон пеш аз ҳама баҳо додани сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла фондҳои қарзии хурд ва истифодаи фишангҳои нави молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Дар рафти вохурӣ директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф бо рунамо мухтасар оид ба фаъолияти Фонд ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ итилоъ доданд. Дар рунамо қайд гардид, ки дороиҳои ва сармояи Фонд сол то сол афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2023 Фонд ба ташкилотҳои қарзӣ 208 млн сомонӣ қарз додааст, ки ин нисбат ба соли 2022 98% зиёд мебошад.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Ҷон Хорӣ қайд намуд, ки вобаста ба нишондиҳандаҳои молиявӣ Фонди бозтамвил дар байни Фондҳои қарзии хурд калонтарин ба шумор меравад. Ҳамзамон, маблағҳои Фонди мазкур яке аз сарчашмаҳои арзони маблағгузорӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, бевосита дастгирӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти Фонди мазкур аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.

Сипас, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ доир ба фаъолияти Фонд ва саҳми он дар низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт маълумоти муфассал гирифта, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда байён карданд.

2023-12-13 16:06:26

Хабарҳо

МАБЛАҒГУЗОРИИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил”  тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мусоидат намудан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, паст намудани фоизҳои қарзӣ ва баландбардории боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар доираи фаъолияти худро фаррох намуда, маблағгузориро ба ВМКБ низ ба роҳ монад.

Аз ин рӯ, дар санаи 13 декабри соли 2023 дар сатҳи роҳбарияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва ФҚХ “Мадина”, ки дар ВМКБ ҷойгир аст, маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ бо кушодани хатти қарзӣ барои васеъ намудани дастрасии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ин минтақа ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурд дар ин вилоят, баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки ҳангоми ба имзорасонии шартномаи қарзӣ Раиси Раёсати ФҚХ “Фонди бозтамвил”  Раҳмонзода Шариф қайд намуданд, ки ин аввалин ташкилоти қарзӣ аз минтақаи ВМКБ мебошад, ки Фонд ба онҳо  хатти қарзӣ бо муҳлати имтиёзнок дода истодааст, Фонд омода аст, ки ҳамкории худро дар оянда боз ҳам вусъат бахшад ва доираи маблағгузории худро дар ин вилоят васеътар намояд ва бо дигар ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда ба онҳо қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои дастрас ва бо пули миллӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаашон пешниҳод намояд. Ин иқдом ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавии Фонд мусоидат менамояд.

2023-12-07 10:31:23

Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ РОҲБАРИЯТИ ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРДИ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ”

Дар санаҳои 7-8 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи Hayatt Regency аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузори хурди Тоҷикистон Форуми молиявӣ дар мавзуи “Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя” баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, роҳбарони ташкилотҳои молиявии қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ  ширкат варзиданд.

Мавзуҳои асосии матраҳшуда дар форум ин: ҳамкориҳои минтақавӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи воситаҳои нави молиявӣ дар самти хизматрасониҳои молиявӣ,тамоюлҳо дар табдилдиҳии рақамии инфрасохтори молиявӣ-имкониятҳо барои рушди бозор, фарогирии молиявӣ ва ғайраҳо буданд.

Дар Форуми мазкур Сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории ФҚХ “Фонди бозтамвил” Ҷураев Беҳзод Машрабович дар мавзуи “Саҳми ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар маблағгузории фаъолияти соҳибкории хурду миёна” бо рунамои худ баромад намуд.

Дар раванди Форум инчунин ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва кормандони онҳо, ки дар рушди низоми маблағгузории хурд саҳми назарррас гузоштаанд, бо нишони “аълочии маблағгузории хурд” ва “дипломи фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф аз ҷониби муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Гулбаҳор Назирӣ барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди низоми бонкии мамлакат ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Фонд бо Дипломи фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.

2023-11-23 14:33:14

Хабарҳо

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳли кормандони ФҚХ “Фонди бозтамвил” аз самими қалб тамоми халқи тоҷикро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффарияҳои беназирро таманно менамоем.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Дар иртибот ба ин бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

2023-10-03 17:10:51

Хабарҳо

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” ДАР ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МУТТАҲИДИИ ОЛМОН

Санаи 3 октябри соли 2023 дар меҳмонхонаи Serena -Dushanbe ҳамоиш бахшида ба Рӯзи муттаҳидшавии Олмон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок намуданд. Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф бо даъвати намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур иштирок намуд.

Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур вохурии алоҳидаи Менеҷери лоиҳаҳои Бонки олмонии Рушд (KFW) ҷаноби Ясин Бен Саид ва Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Др. Андреас Шнайдер бо Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф анҷом дода шуд.

Дар рафти вохурии мазкур Раҳмонзода Шариф пеш аз ҳама намояндагони Бонки олмонии Рушдро (KFW)  бо иди “Рӯзи муттаҳидшавии Олмон” муборакбод гуфта, ҷиҳати тақвиятбахшии ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикстон изҳори назар намуданд.

Сипас, Директори Фонд доир ба фаъолияти Фонд аз давраи ташаккулёбӣ то ба имрӯз маълумоти пурра дода, доир ба дурнамои рушди Фонд назари худро баён намуд.

Ҷаноби Ясин Бен Саид ба фаъолияти Фонд ва нишондиҳандаҳои молиявии баҳои баланд дода, қайд кард, ки дар вохурӣ бо роҳбарони дигар ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ онҳо низ нисбати фаъолияти Фонд изҳори қаноатбандӣ намуданд.

Дар навбати худ ҷаноби Др. Андреас Шнайдер оид ба омодагии БОР (KFW) ҷиҳати дастгирии минбаъдаи Фонд дар амалигардонии лоиҳаҳои минбаъда ибрози назар намуд.

2023-09-29 17:04:00

Хабарҳо

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “ДУШАНБЕ-2023”

Санаи 29 сентябри соли 2023 дар Кохи-Истиқлол Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” баргузор гардид. Ҳамасола, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии сармоягузорону соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути баргузории форуму ҳамоишҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.

Ба форуми мазкур ФҚХ “Фонди бозтамвил” ҳамчун ташкилоти қарзие, ки бо сармоягузории хориҷӣ таъсис дода шудааст ва барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузорад, даъват гардида буд. Дар ин Форум Раҳмонзода Шариф - Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва Ҷураев Беҳзод Сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории Фонди мазкур ҳамчун иштирокчиёни олиқадр даъват шуда буданд.

Дар бахши «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ» Форуми мазкур, ки бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзи молиявӣ баргузор гардид, ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, ҶСК “Бонки Эсхата”, роҷеъ ба фаъолияти шаффоф ва ҳамкории пурсамар бо ФҚХ “Фонди бозтамвил” изҳори ақида намуданд.

2023-09-28 17:12:54

Хабарҳо

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” ДАР ҲАМОИШ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ҲАМКОРИҲОИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 28 сентбяри соли 2023 дар толори меҳмонхонаи Serena Dushanbe ҳамоиш бахшида ба 30 солагии ҳамкориҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раҳмонзода Шариф - Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” бо даъвати Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Холгер Вифел дар ҳамоиши мазкур иштирок намуданд.

Майдони ҳамоиши мазкур макони муносиб барои анҷом додани вохуриҳои судманд ва ҷалби сармоягузориҳо буд. Директори Фонд аз фурсати муносиб истифода бурда бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холгер Вифел ва бо Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон Рустамова Айтен вохурии судманд анҷом доданд. Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд омода аст дар оянда таввасути ФҚХ “Фонди бозтамвил” лоиҳаҳои худро амалӣ гардонад. 

 

Шарикон ва мизоҷон

САВОЛЕ ДОРЕД?

Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!