ҚАДРДОНИИ РОҲБАРИЯТИ ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРДИ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ”
Дар санаҳои 7-8 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи Hayatt Regency аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузори хурди Тоҷикистон Форуми молиявӣ дар мавзуи “Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя” баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, роҳбарони ташкилотҳои молиявии қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ ширкат варзиданд.
Мавзуҳои асосии матраҳшуда дар форум ин: ҳамкориҳои минтақавӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи воситаҳои нави молиявӣ дар самти хизматрасониҳои молиявӣ,тамоюлҳо дар табдилдиҳии рақамии инфрасохтори молиявӣ-имкониятҳо барои рушди бозор, фарогирии молиявӣ ва ғайраҳо буданд.
Дар Форуми мазкур Сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории ФҚХ “Фонди бозтамвил” Ҷураев Беҳзод Машрабович дар мавзуи “Саҳми ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар маблағгузории фаъолияти соҳибкории хурду миёна” бо рунамои худ баромад намуд.
Дар раванди Форум инчунин ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва кормандони онҳо, ки дар рушди низоми маблағгузории хурд саҳми назарррас гузоштаанд, бо нишони “аълочии маблағгузории хурд” ва “дипломи фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф аз ҷониби муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Гулбаҳор Назирӣ барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди низоми бонкии мамлакат ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Фонд бо Дипломи фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.