ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК
ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК
Ҳамватанони гиромиқадр!
Дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” яко яки Шуморо бо фарорасии ин ҷашни бузургу тақдирсози миллатамон самимона табрику муборакбод мегӯяд!
Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, ин рӯзи ба воқеият табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.
Ҳамагон бояд донанд, ки барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем”.
Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории истиқлолият роҳнамоӣ менамояд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат ва рамзи асолату ҳувият мебошад.
Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.
Яъне ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона меҳнат кунем.
Бешубҳа ба ҳамагон маълум аст, ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи давлати тоҷикон маҳз ба шарафи фароҳам омадани Истиқлолият мебошад.
Ба ин хотир, муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Дар солҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири ва равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии мо метавонем, Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем.
Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Бо шарофати истиқлолият рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муоссири бонкӣ, маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид.
Бешубҳа ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду, дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!
Аз ин лиҳоз, бо таманниёти нек гуфтаниям бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро оварад.
Поянда бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон!
Бо эҳтиром, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф