САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Санаи 29 декабри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 28 -уми Шӯрои парасторони ФҚХ “Фонди бозтамвил” таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои парасторон, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардида, дар он аъзои Шӯрои парасторон ва намояндагони Фонд иштирок намуда, фаъолияти Фонд барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ҷаласа, масъалаи ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо дар санадҳои меъёри ҳуқуқии Фонд ва инчунин вазифаҳо барои соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Раёсати Фонд Раҳмонзода Шариф ба Раиси Шӯрои парасторон ва аъзоёни он барои саҳми пурмаҳсул доштан дар рушди фаъолияти Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил”миннатдорӣ баён намуд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!