САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Санаи 2 феврали соли 2021 дар асоси моддаи 7 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромаҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва супориши Роҳбарияти Фонд дар ФҚХ “Фонди бозтамвил” рӯнамо дар мавзӯи “Нақша ва буҷети Фонд барои соли 2021” ва тренинг дар мавзӯи “Тартибу қоидаҳои ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар самти МҚД/МТ/МПСҚО” бо иштироки тамоми кормандони Фонд баргузор гардид.
Дар рӯнамо буҷет ва ҳадафҳои Фонд баррасӣ ва муҳокима карда шудаанд. Дар тренинг масъалаҳои муайян кардани хавфҳо барои муштариён, раванди кор бо мизоҷони дорои хавфи баланд, инчунин раванд ва дурустии пешниҳод гардидани ҳисобот ба Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи чорабинии мазкур ба таҳким ва такмили заминаи дониши кормандони Фонд дар соҳаи МКД/МТ/МПСҚО ва шиносоӣ бо нақша ва буҷаи Фонд барои соли 2021 равона карда шудааст.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!