Финансовая отчётность

Финансовая отчётность

Финансовая отчетность (годовая):

1. Финансовая отчетность  МКФ "Фонд рефинансирования" за 2017 - 2019 гг.

2. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2018 г. 

3. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2017 г. 

4. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2019 г. 

5. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2020 г

6. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2021 г. 

7. Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2022 г. 

8Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2023 г. 

9Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за  2024 г. 

10Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за  2025 г. 

Финансовая отчетность (квартально):

Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 1-ый  кв. 2026 г. 

Финансовая отчетность МКФ "Фонд рефинансирования" за 2-ой  кв. 2026 г. 

Последние новости

2026-04-13 11:57:11

Вакансии

ФҚХ “Фонди бозтамвил”

Эълон дар бораи ҷои кори холӣ

ФҚХ «Фонди бозтамвил» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Давлатии Олмон ва Бонки Осиёгии Рушд, ҷиҳати мусоидати хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои қарзие, ки аз ҷониби БМТ танзим карда мешаванд таъсис дода шудааст. Миссияи Фонд васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъоли иқтисодӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Фонд вазифаҳои худро асосан тавассути пешниҳоди қарзҳо ба бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ, ё маблағҳои ташкилотҳои донории байналмиллалии молиявӣ, воситаҳои пулии қарзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ иҷро менамояд.

ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба вазифаи Сардори шуъбаи маъмурӣ озмун эълон менамояд:

Дар бораи кор: Сардори шуъбаи маъмурӣ барои идоракунии равандҳои тиҷоратии Фонд, аз ҷумла таҳия ва расмиёти маъмурӣ мутобиқи сиёсат ва расмиёти Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ  ва қонунгузории амалкунундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

 

Уҳдадориҳои вазифавӣ: Сардори шуъбаи маъмурӣ дар фаъолияти худ уҳдадор аст:

  • риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, сиёсатҳо, низомномаҳо, Оиномаи Фонд ва ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи фаъолияти Фонд;
  • идоракунии шуъба, ҳавасманд намудани кормандон барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолият ва паҳн кардани фарҳанги ахлоқӣ;
  • оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ қарор қабул намудан;
  • таҳия ва татбиқи дастурҳои маъмурӣ ва расмиёти маъмурӣ;
  • ташкили вохӯриҳо барои меҳмонон ва меҳмонони Фонд;
  • ташкили раванди қабули меҳмонон ва ташрифоварандагони Фонд;
  • фармоиш ва банд намудани чиптаҳои ҳавопаймо (роҳи оҳан, нақлиёт) ва меҳмонхонаҳо барои кормандони Фонд;
  • ҳангоми кучидани Фонд ва иваз намудани макони ҷойгиршавии Фонд, анҷом додани корҳои бо кучидан вобаста буда, таъмин намудани назорат аз болои ҳолати таҷҳизот ва асбобҳои корӣ;
  • ташкили корҳои зарурӣ дар самти таъмини бехатарии Фонд, таъмин ва ҷавобгуй намудани бинои ширкат ба талаботҳои бехатарии оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат;
  • хизматрасонии хоҷагидорӣ ҳангоми вохӯриҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои Фонд;
  • тартиб додани нақшаҳои нимсола/солонаи хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо;
  • дар мувофиқа бо роҳбарият омода намудани нақшаи таъмири бинои ширкат ва ҷиҳозонидани он. Ҳисоб кардани буҷет ва назорати хароҷот барои таъмир ва таҷҳизонидани он;
  • нигоҳдории техникии бино, таҷҳизот, низоми обдиҳӣ, гармидиҳӣ, кондитсионерҳо, кувваи барқ ва алоқа;
  • таъмини мунтазами фаъолияти Фонд бо воситаи нақлиёт;
  • фармоиш додан ва таъмин намудани назорати раванди харид ва қабули молу хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд;
  • иштирок дар раванди ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳо танҳо бо мақсади таъмини фаъолияти маъмурию хоҷагидории Фонд;
  • ҷойгир намудани эълонҳо дар ВАО;
  • назорат аз болои иҷроиши талаботҳои МКДҶТ (АМL) дар шартномаҳое, ки ташаббускори он шуъбаи маъмурӣ мебошад;
  • анҷом додани гуфтушунидҳо бо молтаъминкунандагон барои хариди мол бо нархи нисбатан дастрас ва бо сифати баланд;
  • баҳисобгирӣ ва назорати шартномаҳо бо пудратчиён, тартиб додани сметаи хароҷоти хоҷагидорӣ;
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бастани шартномаҳо оид ба корҳо ва хизматрасониҳо;
  • иштирок дар баруйхатгирӣ ва дигар санҷишҳои хоҷагидории Фонд;
  • таъмин намудани ҷойи кории кормандони Фонд бо таҷҳизотҳои зарурии техникӣ, конселярӣ ва назорат аз боли мақсаднок истифодабарии онҳо ва муҳайё намудани шароити корие, ки ба самаранокии кори корманд мусоидат менамояд;
  • назорати доимӣ аз болои ҷавобгуй будани намои Фонд ба талаботҳои муқарраргардида;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ омода намудани ҳисобот оид ба фаъолияти шуъбаи маъмурӣ ба Раёсати Фонд;
  • ҳамоҳангсозӣ ва назорати кори мутахассис оид ба таъминоти техникӣ, ронанда, фаррош ва дигар кормандони техникӣ;
  • ба роҳ мондани ҳамгироии самараноки шуъба бо Раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории Фонд;
  • иҷрои супоришҳои расмии инфиродии Раёсати Фонд.

 

Дониш, малака, таҷриба ва тахассус: Сардори шӯъбаи маъмурӣ бояд сифатҳои зеринро дошта бошад;

  • маълумоти олӣ дар самти тиҷорат, молия ва иқтисод;
  • собиқаи кории аз руи ихтисос на камтар аз 5 сол;
  • қарорҳо, фармонҳо ва дигар маводи роҳнамо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба фаъолияти Фонд;
  • қоидаҳои нигоҳдорӣ, тартиб додан ва ба расмият даровардани протоколҳои комиссияи тендерӣ;
  • тартиби хариди мол, кор ва хизматрасонӣ;
  • донистани барномаҳои Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B); 
  • қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, чораҳои бехатарӣ ва пешгирии сӯхтор;
  • қобилияти кор кардан дар зери фишор;
  • худшиносии баланд ва донистани забони тоҷикӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ қобили қабул аст.
  • шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

  •  ариза ба номи Роҳбари Фонд;
  •  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо часпонидани сурати 3х4);
  •  тарҷумаи ҳол;
  •  маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме);
  •  тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад);
  • нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.

 

Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии  office@rfund.tj фиристад

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 433777770.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  «21» июли 2026 с.

2025-09-24 14:08:47

Новости

ОТМЕЧЕНЫ ЗАСЛУГИ РУКОВОДСТВА ФОНДА

22–23 сентября 2025 года в городе Гулистон, Согдийской области состоялся Центральноазиатский финансовый  саммит «Инновационное финансирование: расширяя возможности через инклюзию и гендер».

В мероприятии приняли участие представители финансового и банковского секторов, включая Национальный банк Таджикистана, Министерство финансов Республики Таджикистан,  Агентство инноваций и цифровых технологий, а также гости из Узбекистана, Кыргызстана, Туркменистана и Казахстана. Предствители Микрокредитного Фонда «Фонд рефинансирования» также были приглашены и приняли участие на данном мероприятии  в лице председателя правления фонда Рахмонзода Шарифа и операционного директора фонда Шарипова Джумахона.

В ходе саммита руководство Ассоциации финансовых организаций Таджикистана выразило признательность руководителям ряда кредитных финансовых учреждений республики за их вклад в развитие банковской системы, расширение микрофинансирования и поддержку малого и среднего бизнеса, вручая им почётные звания и дипломы.

В частности, за активные инициативы, добросовестный труд, значительный вклад в финансирование кредитных организаций республики и снижение процентных ставок по кредитам, председатель правления МКФ «Фонд рефинансирования» Рахмонзода Шариф был удостоен звания «Отличник микрофинансирования», а операционный директор фонда Шарипов Джумахон награждён «Почётным дипломом» Ассоциации финансовых организаций Таджикистана.

2025-02-07 15:56:39

Новости

ОЗНАКОМЛЕНИЕ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ АЗИАТСКОГО  БАНКА РАЗВИТИЯ С ДЕЯТЕЛЬНОСТЬЮ МКФ «ФОНДА РЕФИНАНСИРОВАНИЯ»

 

6 февраля 2025 года представители Азиатского банка развития в рамках консультационной миссии  по финансированию малого  и среднего предпринимательства во главе старшего специалиста по финансовому сектору Сун Су Ким и  специалиста по финансовому сектору Моники Янг посетили офис МКФ «Фонд рефинансирования».

Цель визита заключалась в ознакомлении с деятельностью МКФ «Фонд рефинансирования», а также оценке его потенциальных возможностей с целью дальнейшего сотрудничества.

В ходе  встречи Директор МКФ «Фонд рефинансирования»,  Рахмонзода Шариф, ознакомил представителей АБР с  основной деятельностью Фонда, представил ключевые финансовые показатели  и главные достижения  за годы деятельности.

Во время встречи также были обсуждены основные направления сотрудничества и возможности его дальнейшей активации посредством совместных проектов.

Представители АБР, ознакомившись с достигнутыми результатами отметили, что Фонд внес значительный вклад в развитие банковского сектора, в развитие предпринимательства, в том числе упрочнение финансовой системы в сельских регионах страны. В завершение встречи представители АБР  выразили  удовлетворение результатами деятельности Фонда и подтвердили свою готовность к дальнейшему плодотворному сотрудничеству.

2024-11-20 10:49:26

Новости

ОЗНАКОМЛЕНИЕ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ГЕРМАНСКОГО БАНКА РАЗВИТИЯ (KFW) С ДЕЯТЕЛЬНОСТЬЮ МКФ «ФОНДА РЕФИНАНСИРОВАНИЯ»

20 ноября 2024 года представители Германского банка развития (KFW) в лице доктора Андреаса Шнайдера – Регионального Директора Германского банка развития (KFW) в Центральной Азии, Ясина Бен Саида – старшего менеджера Германского банка развития (KFW) в Центральной Азии и Манучехра Бакоева – координатора финансового отдела Немецкого Банка Развития (KFW) в Таджикистане посетили офис МКФ «Фонд рефинансирования».

Цель визита заключалась в ознакомлении и оценке деятельности МКФ «Фонд рефинансирования» за период его деятельности.

Во время встречи Директор МКФ «Фонд рефинансирования», г-н Рахмонзода Шариф, представил детальный отчет о деятельности Фонда. В нем было продемонстрировано, что все ключевые финансовые показатели Фонда демонстрируют устойчивую тенденцию роста за последние пять лет.

Активы Фонда на октябрь 2024 года достигли 517 млн сомони, что в 4,5 раза больше по сравнению с 2018 годом, когда они составляли 115 млн сомони.

Балансовый капитал Фонда составил 417 млн сомони, увеличившись в 4 раза по сравнению с 2018 годом, когда этот показатель составлял 103 млн сомони.

Остаток кредитного портфеля Фонда составляет 345 млн сомони, увеличившись 12 раз на 315 млн сомони.

Количество клиентов Фонда увеличилось с 6 в 2018 году до 28 в октябре 2024 года, что демонстрирует рост в 4,4 раза.

Д-р Андреас Шнайдер, ознакомившись с достигнутыми результатами, отметил значительный вклад Фонда в развитие банковской системы и экономики страны. Также выразил удовлетворение результатами деятельности организации и подтвердил готовность Германского банка развития к дальнейшему сотрудничеству.

 

 

 

2024-09-04 17:04:47

Новости

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

Ҳамватанони гиромиқадр!

Дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” яко яки Шуморо бо  фарорасии ин ҷашни бузургу тақдирсози миллатамон самимона табрику муборакбод мегӯяд!

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, ин рӯзи ба воқеият табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Ҳамагон бояд донанд, ки барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем”.

Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории истиқлолият роҳнамоӣ менамояд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат ва рамзи асолату ҳувият мебошад.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Яъне ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона меҳнат кунем.

Бешубҳа ба ҳамагон маълум аст, ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи давлати тоҷикон маҳз ба шарафи фароҳам омадани Истиқлолият мебошад.

Ба ин хотир, муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Дар солҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири ва равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии мо метавонем, Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем. 

Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Бо шарофати истиқлолият рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муоссири бонкӣ, маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид.

Бешубҳа ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду, дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!

Аз ин лиҳоз, бо таманниёти нек гуфтаниям бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро оварад.        

 Поянда бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон!

 

Бо эҳтиром, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил”                                                    Раҳмонзода Шариф

 

 

 

Партнёры и клиенты

ОСТАЛИСЬ ВОПРОСЫ?

Свяжитесь с нами! Мы будем рады ответить на все Ваши вопросы.