Новости

Новости

Последние новости

2026-01-13 11:10:26

Вакансии

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛИ

Фонд ҷойҳои холии зеринро эълон мекунад: Нозири мувофиқа

 

Дар бораи кор:

Ба ӯҳдадориҳои Нозири мувофиқаи Шӯъбаи идоракунии хавфҳои Фонд дохил шуда, амали намудани назорати дохилии мутобиқати фаъолияти Фонд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин қоидаҳо ва расмиёти дохилии Фонд. Ҷузъи дигари муҳими Нозири мувофиқа мониторинги молиявӣ мебошад.

 

Ӯҳдадории вазифавӣ: Нозири мувофиқа дар фаъолияти худ вазифадор аст:

 

  • санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, сиёсати идоракунии хавфҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Фондро, ки фаъолияти Фондро танзим мекунанд, риоя намояд;
  • талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дохилии Фондро риоя намояд;
  • муайян ва таҳлили хавфҳои комплаенс;
  • талаботи МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла таҳлил ва тафтиши амалиёти шубҳанокро риоя намояд;
  • ташкили таълим барои кормандони Фонд оид ба масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО;
  • оид ба муомилоти шубҳанок ва амалиёти назорати ҳатмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот таҳия ва ирсол намуда, баҳисобгирии онҳоро пеш мебарад;
  • махфӣ будани маълумотро таъмин намуда, ба кормандон оид ба масъалаҳои ошкор накардан маслиҳат диҳад;
  • бо мақомоти ваколатдор, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор ҳамкорӣ намояд;
  • назорат кардани тағйирот дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО ва пешниҳодҳо оид ба такмили системаи назорати дохилӣ;
  • натиҷаҳои санҷиш ва таҳлилро ба Раёсати Фонд ва дар мавриди зарурӣ ба Шўрои парасторон пешниҳод намояд.

 

Талаботҳо нисбат ба Нозири мувофиқа (комплаенс):

 

  • доштани маълумоти олӣ дар соҳаи тиҷорат/молия/иқтисод/аудит;
  • таҷриба дар ташкилотҳои қарзӣ қобили қабул аст;
  • донистани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
  • фаҳмиши принсипҳои Нозири мувофиқа ва идоракунии хавфҳои комплаенс;
  • донистани талаботҳо дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО;
  • доштани малакаҳои муоширати байнишахсӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • истифодабарии барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint);
  • ба стресс тобовар, қобилияти самаранок кор кардан аз рӯи якчанд вазифаҳо дар як вақт ва анҷом додани кор дар мӯҳлатҳои муқарраршуда;
  • забони тоҷикӣ озодона, донистани забони русӣ бартари дода мешавад;
  • шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш. Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристад:

Телефонҳо барои маълумот: (+992) 433777770

Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 26 январи соли 2026 мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

2025-09-24 14:08:47

Новости

ОТМЕЧЕНЫ ЗАСЛУГИ РУКОВОДСТВА ФОНДА

22–23 сентября 2025 года в городе Гулистон, Согдийской области состоялся Центральноазиатский финансовый  саммит «Инновационное финансирование: расширяя возможности через инклюзию и гендер».

В мероприятии приняли участие представители финансового и банковского секторов, включая Национальный банк Таджикистана, Министерство финансов Республики Таджикистан,  Агентство инноваций и цифровых технологий, а также гости из Узбекистана, Кыргызстана, Туркменистана и Казахстана. Предствители Микрокредитного Фонда «Фонд рефинансирования» также были приглашены и приняли участие на данном мероприятии  в лице председателя правления фонда Рахмонзода Шарифа и операционного директора фонда Шарипова Джумахона.

В ходе саммита руководство Ассоциации финансовых организаций Таджикистана выразило признательность руководителям ряда кредитных финансовых учреждений республики за их вклад в развитие банковской системы, расширение микрофинансирования и поддержку малого и среднего бизнеса, вручая им почётные звания и дипломы.

В частности, за активные инициативы, добросовестный труд, значительный вклад в финансирование кредитных организаций республики и снижение процентных ставок по кредитам, председатель правления МКФ «Фонд рефинансирования» Рахмонзода Шариф был удостоен звания «Отличник микрофинансирования», а операционный директор фонда Шарипов Джумахон награждён «Почётным дипломом» Ассоциации финансовых организаций Таджикистана.

2025-02-07 15:56:39

Новости

ОЗНАКОМЛЕНИЕ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ АЗИАТСКОГО  БАНКА РАЗВИТИЯ С ДЕЯТЕЛЬНОСТЬЮ МКФ «ФОНДА РЕФИНАНСИРОВАНИЯ»

 

6 февраля 2025 года представители Азиатского банка развития в рамках консультационной миссии  по финансированию малого  и среднего предпринимательства во главе старшего специалиста по финансовому сектору Сун Су Ким и  специалиста по финансовому сектору Моники Янг посетили офис МКФ «Фонд рефинансирования».

Цель визита заключалась в ознакомлении с деятельностью МКФ «Фонд рефинансирования», а также оценке его потенциальных возможностей с целью дальнейшего сотрудничества.

В ходе  встречи Директор МКФ «Фонд рефинансирования»,  Рахмонзода Шариф, ознакомил представителей АБР с  основной деятельностью Фонда, представил ключевые финансовые показатели  и главные достижения  за годы деятельности.

Во время встречи также были обсуждены основные направления сотрудничества и возможности его дальнейшей активации посредством совместных проектов.

Представители АБР, ознакомившись с достигнутыми результатами отметили, что Фонд внес значительный вклад в развитие банковского сектора, в развитие предпринимательства, в том числе упрочнение финансовой системы в сельских регионах страны. В завершение встречи представители АБР  выразили  удовлетворение результатами деятельности Фонда и подтвердили свою готовность к дальнейшему плодотворному сотрудничеству.

2024-11-20 10:49:26

Новости

ОЗНАКОМЛЕНИЕ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ГЕРМАНСКОГО БАНКА РАЗВИТИЯ (KFW) С ДЕЯТЕЛЬНОСТЬЮ МКФ «ФОНДА РЕФИНАНСИРОВАНИЯ»

20 ноября 2024 года представители Германского банка развития (KFW) в лице доктора Андреаса Шнайдера – Регионального Директора Германского банка развития (KFW) в Центральной Азии, Ясина Бен Саида – старшего менеджера Германского банка развития (KFW) в Центральной Азии и Манучехра Бакоева – координатора финансового отдела Немецкого Банка Развития (KFW) в Таджикистане посетили офис МКФ «Фонд рефинансирования».

Цель визита заключалась в ознакомлении и оценке деятельности МКФ «Фонд рефинансирования» за период его деятельности.

Во время встречи Директор МКФ «Фонд рефинансирования», г-н Рахмонзода Шариф, представил детальный отчет о деятельности Фонда. В нем было продемонстрировано, что все ключевые финансовые показатели Фонда демонстрируют устойчивую тенденцию роста за последние пять лет.

Активы Фонда на октябрь 2024 года достигли 517 млн сомони, что в 4,5 раза больше по сравнению с 2018 годом, когда они составляли 115 млн сомони.

Балансовый капитал Фонда составил 417 млн сомони, увеличившись в 4 раза по сравнению с 2018 годом, когда этот показатель составлял 103 млн сомони.

Остаток кредитного портфеля Фонда составляет 345 млн сомони, увеличившись 12 раз на 315 млн сомони.

Количество клиентов Фонда увеличилось с 6 в 2018 году до 28 в октябре 2024 года, что демонстрирует рост в 4,4 раза.

Д-р Андреас Шнайдер, ознакомившись с достигнутыми результатами, отметил значительный вклад Фонда в развитие банковской системы и экономики страны. Также выразил удовлетворение результатами деятельности организации и подтвердил готовность Германского банка развития к дальнейшему сотрудничеству.

 

 

 

2024-09-04 17:04:47

Новости

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

Ҳамватанони гиромиқадр!

Дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” яко яки Шуморо бо  фарорасии ин ҷашни бузургу тақдирсози миллатамон самимона табрику муборакбод мегӯяд!

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, ин рӯзи ба воқеият табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Ҳамагон бояд донанд, ки барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем”.

Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории истиқлолият роҳнамоӣ менамояд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат ва рамзи асолату ҳувият мебошад.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Яъне ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона меҳнат кунем.

Бешубҳа ба ҳамагон маълум аст, ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи давлати тоҷикон маҳз ба шарафи фароҳам омадани Истиқлолият мебошад.

Ба ин хотир, муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Дар солҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири ва равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии мо метавонем, Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем. 

Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Бо шарофати истиқлолият рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муоссири бонкӣ, маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид.

Бешубҳа ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду, дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!

Аз ин лиҳоз, бо таманниёти нек гуфтаниям бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро оварад.        

 Поянда бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон!

 

Бо эҳтиром, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил”                                                    Раҳмонзода Шариф

 

 

 

Партнёры и клиенты

ОСТАЛИСЬ ВОПРОСЫ?

Свяжитесь с нами! Мы будем рады ответить на все Ваши вопросы.