Имкониятҳо

Фароҳам овардани шароити мусоид барои Шумо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нав

Комёбӣ ва инкишоф

Маблағгузории мо ба хотири муваффақияти Шумо

Дастгирӣ

Дастгирии мо калиди рушди Шумо хоҳад шуд

Мақсади асосии Фонд

Мақсади асосии Фонд – саҳм гузоштан дар  васеъ намудани имконияти дастрасии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

0 млн

Дороиҳо

0 млн

Сармоя

0 млн

Бақияи сандуқи қарзӣ

0

Шумораи муштариён
Хабарҳои охир

2025-02-07 08:22:08

Хабарҳо

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БО РОҲБАРИЯТИ ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРДИ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ”

 

6 феврали соли 2025 дар доираи ҳайати (миссияи) машваратӣ оид ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо роҳбарии сармутахассис дар бахши молиявӣ Сун Су Ким,  мутахассиси бахши молиявӣ Моника Янг ба ФҚХ “Фонди бозтамвил” ташриф оварданд.

Мақсад аз ташрифоварӣ пеш аз ҳама шиносоӣ бо рафти фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва баҳодиҳии имкониятҳои воқеии Фонд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда.

Дар рафти вохӯрӣ  директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф тавассути рӯнамо намояндагони БОР-ро бо фаъолияти Фонд, алалхусус бо тамоюли рушди нишондиҳандаҳои молиявии Фонд дар давраи фаъолияташ аз қабилӣ: дороиҳо, сармоя, сандуқи қарзӣ, даромаднокӣ шинос намуд.

Ҳамзамон дар рафти вохурӣ, масъалаи самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба ва имкониятҳои амалигардонии лоиҳаҳои шарикӣ мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони БОР пас аз шиносоӣ бо фаъолияти Фонд ва нишондиҳандаҳои молиявии он, қайд намуданд, ки Фонд ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои молиявӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар интиҳои вохурӣ намояндагони БОР аз фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” қаноатманд гардида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ва маблағгузории лоиҳаҳои Фонд, омодагии худро иброз намуданд.

 

 

 

2024-11-20 10:51:10

Хабарҳо

ШИНОСОИИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОЛМОНИИ РУШД (KFW) БО ФАЪОЛИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ”

Дар санаи 20 ноябри соли 2024 бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар симои Доктор Андреас Шнайдер – Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ, Яссин Бен Саид – менеҷери калони Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ ва Манучеҳр Бақоев – координатори бахши молиявии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мақсад аз ташрифи намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) пеш аз ҳама шинос шудан ва баҳо додани фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар давраи фаъолияташ мебошад.

Дар рафти вохурӣ директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” муҳтарам Раҳмонзода Шариф бо рунамо мухтасар оид ба фаъолияти Фонд ба намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) итилоъ доданд. Дар рунамо нишон дода шуд, ки тамоми нишондиҳандаҳои молиявии Фонд дар панҷ соли охир тамоюли афзоишро доранд.

Дороиҳои Фонд дар моҳи октябри соли 2024 дар маҷмуъ 517 млн. сомониро ташкил намуд,  ки ин нисбат ба соли 2018  ба маблағи 402,0 млн. сомонӣ ва ё 4,5 маротиба зиёд мебошад

Сармояи тавозунии Фонд дар моҳи октябри соли 2024 ба 417 млн. сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбати соли 2018 ба маблағи 314 млн. сомонӣ ва ё 4 маротиба зиёд мебошад

Бақияи сандуқи қарзӣ ба 345 млн. сомонӣ расидааст, ки ин нисбати соли 2018 ба маблағи 315 млн. сомонӣ ва ё 12 маротиба зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки шумораи муштариёни Фонд сол ба сол зиёд гардида, аз 6 адади соли 2018 то моҳи октябри соли 2024 ба 28 адад расидааст, ки афзоиши дар ин давра 4,4 маротибаро ташкил медиҳад.

Сипас, Доктор Андреас Шнайдер – Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ пас аз шинос шудан оид ба фаъолияти Фонд ва саҳми он дар низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт, изҳори қаноатмандӣ намуд ва омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда байён кард.

 

 

 

 

2024-09-04 17:02:32

Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДУ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

Ҳамватанони гиромиқадр!

Дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил” яко яки Шуморо бо  фарорасии ин ҷашни бузургу тақдирсози миллатамон самимона табрику муборакбод мегӯяд!

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, ин рӯзи ба воқеият табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Ҳамагон бояд донанд, ки барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем”.

Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории истиқлолият роҳнамоӣ менамояд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат ва рамзи асолату ҳувият мебошад.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Яъне ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона меҳнат кунем.

Бешубҳа ба ҳамагон маълум аст, ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаи давлати тоҷикон маҳз ба шарафи фароҳам омадани Истиқлолият мебошад.

Ба ин хотир, муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Дар солҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири ва равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии мо метавонем, Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем. 

Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Бо шарофати истиқлолият рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муоссири бонкӣ, маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид.

Бешубҳа ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду, дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!

Аз ин лиҳоз, бо таманниёти нек гуфтаниям бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро оварад.        

 Поянда бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон!

 

Бо эҳтиром, Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил”                                                    Раҳмонзода Шариф

 

 

 

2024-06-11 09:34:57

Хабарҳо

ГУСТАРИШ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ

Фонди қарзии хурди “Фонди бозтамвил”  тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мусоидат намудан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, паст намудани фоизҳои қарзӣ ва баландбардории боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар доираи фаъолияти худро фаррох намуда, маблағгузориро бо Фондҳои қарзии хурд низ вусъат бахшад.

Аз ин рӯ, дар санаи 11 июни соли 2024 дар сатҳи роҳбарияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва ФҚХ “Сарвати Вахш” маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ бо кушодани хатти қарзӣ барои васеъ намудани дастрасии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли вилояти Хатлон ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурд, баргузор гардид.

Фонд омода аст, ки ҳамкории худро дар оянда боз ҳам вусъат бахшад ва доираи маблағгузории худро васеътар намояд ва бо дигар ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда ба онҳо қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои дастрас ва бо пули миллӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаашон пешниҳод намояд. Ин иқдом ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавии Фонд мусоидат менамояд.

2024-06-04 09:33:59

Хабарҳо

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

ФҚХ “Фонди бозтамвил” ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди иқтисодии мамлакат ва зиёд намудани доираи муштариёни худ, 4 июни соли 2024 бо ТАҚХ “Матин” Шартномаи қарзӣ бо кушодани хати қарзӣ ба имзо расонд.

Тибқи муқаррароти шартномаи мазкур, ФҚХ “Фонди бозтмвил” ба ТАҚХ “Матин” қарзи дарозмуддат ба муҳлати 36 моҳ пешниҳод менамояд. Мақсади асосии қарзи мазкур ин дастгирии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои дурдаст мебошад. Маблағгузории мазкур якчанд паҳлуҳои калидӣ дорад, аз ҷумла: рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии фаъолияти бонувон дар самти соҳибкорӣ.

Шартномаи мазкур боиси дастрасии соҳибкорони хурду миёна дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба маблағҳои пулии арзон ва осон шудани шартҳои қарзгирӣ мегардад.

Ҳамкории мазкур на танҳо барои соҳибкорон имкониятҳои нав мекушояд, балки ба рушди иқтисодӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум низ мусоидат менамояд. Ҳамкорӣ байни «Фонди бозтамвил» ва ТАҚХ «Матин» гувоҳи он аст, ки кӯшишҳои муштараки муассисаҳои молиявӣ метавонад боиси комёбиҳои назаррас дар иқтисодиёт ва ҷомеа гардад.

 

Шарикон ва мизоҷон

САВОЛЕ ДОРЕД?

Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!