ШИНОСОИИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОЛМОНИИ РУШД (KFW) БО ФАЪОЛИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ”
Дар санаи 20 ноябри соли 2024 бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар симои Доктор Андреас Шнайдер – Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ, Яссин Бен Саид – менеҷери калони Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ ва Манучеҳр Бақоев – координатори бахши молиявии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Тоҷикистон ташриф оварданд.
Мақсад аз ташрифи намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) пеш аз ҳама шинос шудан ва баҳо додани фаъолияти ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар давраи фаъолияташ мебошад.
Дар рафти вохурӣ директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” муҳтарам Раҳмонзода Шариф бо рунамо мухтасар оид ба фаъолияти Фонд ба намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KFW) итилоъ доданд. Дар рунамо нишон дода шуд, ки тамоми нишондиҳандаҳои молиявии Фонд дар панҷ соли охир тамоюли афзоишро доранд.
Дороиҳои Фонд дар моҳи октябри соли 2024 дар маҷмуъ 517 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2018 ба маблағи 402,0 млн. сомонӣ ва ё 4,5 маротиба зиёд мебошад
Сармояи тавозунии Фонд дар моҳи октябри соли 2024 ба 417 млн. сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбати соли 2018 ба маблағи 314 млн. сомонӣ ва ё 4 маротиба зиёд мебошад
Бақияи сандуқи қарзӣ ба 345 млн. сомонӣ расидааст, ки ин нисбати соли 2018 ба маблағи 315 млн. сомонӣ ва ё 12 маротиба зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки шумораи муштариёни Фонд сол ба сол зиёд гардида, аз 6 адади соли 2018 то моҳи октябри соли 2024 ба 28 адад расидааст, ки афзоиши дар ин давра 4,4 маротибаро ташкил медиҳад.
Сипас, Доктор Андреас Шнайдер – Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар Осиёи Марказӣ пас аз шинос шудан оид ба фаъолияти Фонд ва саҳми он дар низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт, изҳори қаноатмандӣ намуд ва омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда байён кард.