САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор маҳсуб ёфта, аз замонҳои хеле қадим ба мо боқӣ монда, бо як шукӯҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни Наврӯз тамоми пиру барно ба ҳам омада, аз аҳволи якдигар хабар мегиранд ва ба якдигар рӯзҳои некро таманно мекунанд.
Қобили қайд аст, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф шуда, дар тамоми давлатҳои дунё ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, дар ин раванд мардуми тоҷик низ ба сифатҳои некӣ Наврӯзи арҷ гузошта, дастгириҳои худро ба мардуми камбизоат дареғ намедоранд.
Дар ин замина, ФҚХ “Фонди бозтамвил” дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз ва истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Панҷ 63 ҷуфт мизу курсӣ барои таҳсили минбаъда ҳадя намуд.
ФҚХ “Фонди бозтамвил” минбаъд низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии шахсони камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа дар арафаи идҳои миллӣ ба таври доимӣ иқдом менамояд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!