САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Санаи 29 сентябри соли 2023 дар Кохи-Истиқлол Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” баргузор гардид. Ҳамасола, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии сармоягузорону соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути баргузории форуму ҳамоишҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.
Ба форуми мазкур ФҚХ “Фонди бозтамвил” ҳамчун ташкилоти қарзие, ки бо сармоягузории хориҷӣ таъсис дода шудааст ва барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузорад, даъват гардида буд. Дар ин Форум Раҳмонзода Шариф - Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва Ҷураев Беҳзод Сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории Фонди мазкур ҳамчун иштирокчиёни олиқадр даъват шуда буданд.
Дар бахши «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ» Форуми мазкур, ки бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзи молиявӣ баргузор гардид, ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, ҶСК “Бонки Эсхата”, роҷеъ ба фаъолияти шаффоф ва ҳамкории пурсамар бо ФҚХ “Фонди бозтамвил” изҳори ақида намуданд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!