САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ФҚХ “ФОНДИ БОЗТАМВИЛ” ДАР ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ МУТТАҲИДИИ ОЛМОН
Санаи 3 октябри соли 2023 дар меҳмонхонаи Serena -Dushanbe ҳамоиш бахшида ба Рӯзи муттаҳидшавии Олмон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок намуданд. Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф бо даъвати намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур иштирок намуд.
Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур вохурии алоҳидаи Менеҷери лоиҳаҳои Бонки олмонии Рушд (KFW) ҷаноби Ясин Бен Саид ва Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Др. Андреас Шнайдер бо Директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф анҷом дода шуд.
Дар рафти вохурии мазкур Раҳмонзода Шариф пеш аз ҳама намояндагони Бонки олмонии Рушдро (KFW) бо иди “Рӯзи муттаҳидшавии Олмон” муборакбод гуфта, ҷиҳати тақвиятбахшии ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикстон изҳори назар намуданд.
Сипас, Директори Фонд доир ба фаъолияти Фонд аз давраи ташаккулёбӣ то ба имрӯз маълумоти пурра дода, доир ба дурнамои рушди Фонд назари худро баён намуд.
Ҷаноби Ясин Бен Саид ба фаъолияти Фонд ва нишондиҳандаҳои молиявии баҳои баланд дода, қайд кард, ки дар вохурӣ бо роҳбарони дигар ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ онҳо низ нисбати фаъолияти Фонд изҳори қаноатбандӣ намуданд.
Дар навбати худ ҷаноби Др. Андреас Шнайдер оид ба омодагии БОР (KFW) ҷиҳати дастгирии минбаъдаи Фонд дар амалигардонии лоиҳаҳои минбаъда ибрози назар намуд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!