САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Дар санаи 12 марти соли 2024 ба ФҚХ “Фонди бозтамвил” намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Ҷон Хорӣ, Вероника Труҷилло ва Ольга Томилова ташриф оварданд.
Мақсад аз ташрифи намояндагон пеш аз ҳама баҳо додани сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла фондҳои қарзии хурд ва истифодаи фишангҳои нави молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти вохурӣ директори ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф бо рунамо мухтасар оид ба фаъолияти Фонд ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ итилоъ доданд. Дар рунамо қайд гардид, ки дороиҳои ва сармояи Фонд сол то сол афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2023 Фонд ба ташкилотҳои қарзӣ 208 млн сомонӣ қарз додааст, ки ин нисбат ба соли 2022 98% зиёд мебошад.
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Ҷон Хорӣ қайд намуд, ки вобаста ба нишондиҳандаҳои молиявӣ Фонди бозтамвил дар байни Фондҳои қарзии хурд калонтарин ба шумор меравад. Ҳамзамон, маблағҳои Фонди мазкур яке аз сарчашмаҳои арзони маблағгузорӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, бевосита дастгирӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти Фонди мазкур аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Сипас, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ доир ба фаъолияти Фонд ва саҳми он дар низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт маълумоти муфассал гирифта, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда байён карданд.
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!