САВОЛЕ ДОРЕД?
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!
Санаи 12 марти соли 2021 Маҷлиси умумии солонаи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон минбаъд "АТМХТ" барпо гардид, ки дар он аъзоёни ассотсиатсия дар шахсиятиа роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласа аъзоёни Асотсиатсия баромад намуда, инчунин Стратегияи фаъолият ва Матритсаи амалҳои АТМХТ барои солҳои 2021-2023 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ФҚХ “Фонди бозтамвил” Директори Фонд Раҳмонзода Шариф ва Директори молиявӣ Саъдуллоев Диловар иштирок намуда, хизматрасониҳои Фондро тавассути рӯнамо муаррифӣ намуданд. Дар рафти ҷаласа ҳадаф ва мақсадҳои оинномавӣ, маҳсулотҳои қарзӣ ва принсипҳои ҳамкории Фонд бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар муҳокима гардид.
Қобили қайд аст, ки намояндагони ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба маълумоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ расониданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва бо ҳадафи баамалбарории мақсад ва вазифаҳои асосии Фонд, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ бо пули миллӣ (сомонӣ) ба дигар ташкилотҳои қарзӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад, мусоидат ба соҳибкорӣ ва пурзӯр намудани низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳот, ҳамчунин ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани шуғл, васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо ба аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷумла фаъолияти қарзӣ, Фонд меъёри фоизи қарзҳои пешниҳодшавадаро то 8% солона паст намуд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки Фонд раванди ҳамкориҳояшро бо ташкилотҳои қарзии молияви кишвар бо шартҳои нав оғоз намуд.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳамкорӣ бо ФҚХ “Фонди бозтамвил” барои расидан ба тағйиротҳои зерин дар ташкилотҳои қарзии моливӣ, ки тамоюли мусбӣ дорад, имкон медиҳад :
ФҚХ “Фонди бозтамвил” аз натиҷаи иштирок дар ҷаласа рӯнамои худро барои шиносоии амиқ дар сомона ҷойгир намудааст.
/uploads/files/for_website_AMFOT_presentation_March_12%2C_2021_taj.pdf
Бо мо дар тамос бошед! Мо омодаем ба саволҳои Шумо посух гардонем!